Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Умари Темур - Ҳазрати Мусо а ва шайтон в хорошем качестве

Умари Темур - Ҳазрати Мусо а ва шайтон 2 года назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Умари Темур - Ҳазрати Мусо а ва шайтон

Боз о, боз о, ҳар он чи ҳастӣ, боз о, Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ, нест, Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о. #Мавлоно باز آ باز آ هر آنچه هستی باز آ گر کافر و گبر و بت‌پرستی باز آ این درگه ما درگه نومیدی نیست صد بار اگر توبه شکستی باز آ #مولانا *************************************************** #Мусо шабе ба водии Сино равона буд, Иблиси бадсиришт аз ӯ дар фасона буд. Гуфт: “ай лаъин ҳақиқати корат чӣ сона буд?” Иблис гуфт: “тоати ман бекарона буд. Асрори Арш ҷумла даман дар миёна буд. Ман ҳар куҷо ки фурсати тавфиқ доштам, Дасти талаб ба домани ҳиммат бидоштам. Меҳраш даруни синаву ҷон менигоштам. Шашсад ҳазор сол ба тоат гузоштам. Аз тоатам ҳазор ҳазорон хазона буд. Дар кишвари фалак ки малак буд дар ҷаҳон, Буд он ҳама дар оинаи илми ман айён. Азбаски доштам хираду табъи нуктадон, Будам муаллими малакут андар осмон. Бар даргаҳам хайли малак бекарона буд. Будам ба ин таҷаммулу ҷоҳу ҳашам басе, Рӯзе назар ба Арш фикандам ба боисе, Дидам ба чашми сар, ки ба хати муқаддасе, Бар лавҳи он навишта, ки ронда шавад касе. Кардам гумон зӣ ҳар касу аз худ гумон набуд. Ҷастам зӣ ҷо чу ҷилвакунон дар мақоми хеш, То бингарам ҳикояти худро б акоми хеш. Бишнида чун шикояти худ ман зӣ ҷоми хеш. Дар роҳи ман фиканд фалак ҳукму доми хеш. Одам мийни ҳалқаи дому дона буд. Будам чу баднаҷот ба худ кардам иқтидо, Гуфт: “аc-ҷаду ло Одама” ман гуфтамаш: ”чаро?” Аз ин сабаб намуна шудам андар ин саро, Мехост то нишонаи лаънат ниҳад маро, Кард он чӣ кард одами хокӣ баҳона буд. Бадмаст буд аз майи ҳастӣ ба токи ӯ, Гаштам зӣ ғам чу шоҳиди кулл синачоки ӯ. Кардам ғурур, саҷда накардам ба хоки ӯ, Яъне ки ӯ зи хоку ман аз нури поки Ӯ, Гуфтам, ки ман ягонаам, ӯ ҳам ягона буд. Эй Зокиро ту фахр ба абёти худ макун, Зоеъ ба фикри беҳуда авқоти худ макун. Киште куну назар ба зирооти худ макун, Хоқониё ту такя ба тооти худ макун. К-ин панд баҳри ибрати аҳли замона буд. Зокири Хоқонӣ. Singer: Umari Temur (#УмариТемур)

Comments