Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ мулоқот намуданд в хорошем качестве

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ мулоқот намуданд 2 года назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ мулоқот намуданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи якчанд иншоот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ин ноҳияҳоро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ин ҷашни сарнавиштсозро сокинони ватандӯсту меҳмоннавози ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, махсусан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ва ноҳияи Ванҷ 580 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Давоми сӣ соли истиқлолият дар ноҳияи Дарвоз 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо қариб 250 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст. Дар ноҳияи Ванҷ дар ин давра 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 30 миллион сомонӣ амалӣ гадида, ҳоло иҷрои корҳо боз дар 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи то имрӯз азхудшудаи онҳо беш аз 32 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳо барои ноҳияи Дарвоз дар солҳои 2021 – 2025-ум 106 лоиҳа ба маблағи 405 миллион сомонӣ ва барои ноҳияи Ванҷ амалисозии 112 лоиҳа ба маблағи умумии 160 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ тасдиқгардида дар ноҳияи Дарвоз 90 иншоот ва дар ноҳияи Ванҷ 83 иншоот бунёд ва ба истифода дода шудааст. ПОДПИСЫВАЕМСЯ НА КАНАЛ: ★ Telegram: https://t.me/AkhboriTojikiston ★ WebSite: https://www.tvt.tj #Tajikistan #Dushanbe #AkhboriTojikiston

Comments