Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб ДАҲҲО КУШТАЮ ЗАХМӢ БАР АСАРИ БОЗ ЯК ҲАМЛАИ ХУНИНИ МАРГТАЛАБОНА ДАР КОБУЛ в хорошем качестве

ДАҲҲО КУШТАЮ ЗАХМӢ БАР АСАРИ БОЗ ЯК ҲАМЛАИ ХУНИНИ МАРГТАЛАБОНА ДАР КОБУЛ 1 год назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



ДАҲҲО КУШТАЮ ЗАХМӢ БАР АСАРИ БОЗ ЯК ҲАМЛАИ ХУНИНИ МАРГТАЛАБОНА ДАР КОБУЛ

Субҳи рӯзи ҷумъа, 30 сентябри соли 2022 бар асари ҳамлаи маргталабона ба маркази таълимии Коҷ дар минтақаи Дашти Барчӣ дар ғарби шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон беш аз 20 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Холид Задрон, сухангӯи пулиси Кобул гуфт, таркиши якум соати 7:30 субҳи ҷумъа вақте рух дод, ки шумори зиёди толибилмон дар ин мадраса барои супурдани имтиҳони дохилшавӣ гирд омада буданд. Дар Дашти Барчӣ асосан намояндагони ақалияти қавмию мазҳабии ҳазораҳо ба сар мебаранд. Ҳазораҳо, ки ба фарқ аз аксари аҳолии суннитабори Афғонистон, пайрави мазҳаби шиъаянд, қаблан ҳам борҳо ҳадафи ҳамлаҳои хунини маргталабона қарор гирифтаанд. Масъулияти ҳамлаи рӯзи 30 сентябрро ҳанӯз ягон гуруҳ ба дӯш нагирифтааст, вале ҳазораҳо дар гузашта ҳам аз сӯи ҷангҷӯёни созмони террористии ДОИШ ва ҳам аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон ҳамла мешуданд. Толибон моҳи августи соли 2021, ҳукуматро дар Афғонистон пурра ба дасти худ гирифтанд ва мегӯянд, талош доранд, то суботро дар кишвар барқарор кунанд. Вале ҷангҷӯёни ДОИШ баъди ба қудрат расидани Толибон ҳам ҳамлаҳои худро, аз ҷумла ба зидди пайравони мазҳаби шиъа дар гӯшаҳои гуногуни Афғонистон идома медиҳанд. Намояндаи вазорати корҳои дохилии Толибон ҳамла ба мадрасаи Коҷро маҳкум кард. Абдулнафеъ Такур гуфт, “ҳамла ба иншооти мулкӣ бераҳмии ғайриинсонии душман ва ягон меъёри ахлоқӣ надоштани ӯро нишон медиҳад”.

Comments