Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Ёдатон ба хайр Ӯрунбек Ҳамдамов! в хорошем качестве

Ёдатон ба хайр Ӯрунбек Ҳамдамов! 2 года назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Ёдатон ба хайр Ӯрунбек Ҳамдамов!

Аз марги набаҳангоми санъаткори асил, дӯсту бародар ва ҳамкору ҳамкасби азизам Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон Ӯрунбек Ҳамдамов хеле андӯҳгин шудам. Марги ӯ барои санъати тоҷик ва ӯзбек талафоти калон аст. Бовар намекунам, ки дигар ӯ дар байни мо нест. Ӯрунбек Ҳамдамов воқеан санъаткори асил буд, ки бо овози нотакрораш ва суруду таронаҳои тоҷикиву ӯзбекиаш барои ҳарду миллат чун кӯпруки пайвасткунанда хизмат намудааст. Ӯ дар назари ман ҳамчун санъаткори ростгӯву ростқавл ва поквиҷдону инсондӯст бо суруду таронаҳои мондагор ва зиндагии шоиста байни мухлисони ҳар ду миллат мақоми шоиста дошт. Инсоне буд, ки суханҳои бад ва ғайбатро намеписандид. Ҳама сӯҳбатҳои мо фарҳанги буд. Зебоиро хеле дӯст медошт ва мекӯшид, ки бо инсонҳои фарҳанги ва аҳли илму адаб сӯҳбат кунад. Барои робитаҳои дӯстона байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Чин саҳми назаррас дорад. Падар ва дӯсти меҳрубон, эҷодкор ва ҳунарманди олиҷаноб, навозандаи бомаҳорат буданд ва матни баландро барои эҷоди сурудҳояшон интихоб мекарданд ва онро буррову фаҳмо ба шунаванда мерасонданд. Аз аввали солҳои 60-ум то ба имрӯз дӯст ва бародари хеле наздик будем, нишастҳои хоса доштем ва нисбати ҳамдигар эҳтиромамон хеле баланд буд. Бо зиндагии ибратбахш ва фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ номи ӯ ба ҷовидонаҳо сабт гардид. Фарзандони нексиришт ва ҳунармандро тарбия карданд, ки имрӯзу оянда рисолати ҳунарии падарашонро идома медиҳанд. Ман итминони комил дорам, то миллати тоҷику ӯзбек ҳаст овози ғулғуладор ва маҳсули эҷодии Ӯрунбек Ҳамдамов дар дилу дидаҳо абадан боқӣ мемонад. Ба аҳли оила ва хешу пайвандони дӯст ва бародари ҳунармандам Ӯрунбек Ҳамдамов ҳамдардии амиқ изҳор мекунам ва барояшон аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил хоҳонам! Ёдашон ба хайр ва манзили охираташон обод бошад! Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов

Comments