Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Андози замин: ҳисоб ва пардохти он в хорошем качестве

Андози замин: ҳисоб ва пардохти он 2 недели назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Андози замин: ҳисоб ва пардохти он

Оё медонед, ки шахсони воқеӣ андози заминро чӣ гуна пардохт мекунанд ва ин навъи андоз чӣ гуна ҳисоб карда мешавад? Ин навбат дар ин хусус хоҳем гуфт Андози замин бо назардошти ҷойгиршавии қитъаи замин, минтақаи кадастрии замин, таъиноти истифодабарӣ ва хусусиятҳои экологии қитъаи замин муайян карда шуда, новобаста аз натиҷаи фаъолияти хоҷагидории заминистифодабаранда, барои воҳиди масоҳати замин ҳар сол пардохт мешавад. Меъёрҳои андоз барои як гектари замин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳрҳо (ноҳияҳо) бо назардошти минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, аз ҷумла заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои зери ҷангалзор ва буттазорҳои маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳамасола мутобиқи сатҳи таварруми соли гузашта индексатсия мешавад. Заминҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ дар маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо) истифода карда мешаванд, бо тартиби зерин андозбандӣ мегарданд: -шахсони воқеӣ барои қитъаҳои замин, аз ҷумла заминҳои зери биноҳои истиқоматӣ истифодашаванда ва биноҳои ёрирасон то 0,12 гектар дар заминҳои обӣ ва то 0,15 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) – тибқи меъёри яккаратаи муқарраргардида андоз месупоранд; - аз 0,12 гектар то 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва аз 0,15 то 0,25 гектар дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) – бо меъёри дукарата ҳисоб карда мешавад; - зиёда аз 0,20 гектар дар заминҳои обӣ ва дар заминҳои обёринашаванда (лалмӣ) зиёда аз 0,25 гектар – бо меъёри секарата ҳисоб мешавад. Барои заминҳое, ки соҳибкорони инфиродӣ бо мақсади амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ истифода мекунанд, меъёри панҷкарата муқаррар гардидааст. Масалан, дар соли 2024 барои як гектар замин дар шаҳри Душанбе меъёри андоз 1288 сомонию 61 дирам муқаррар шудааст, бо ин меъёр вобаста ба масоҳати қитъаҳои наздиҳавлигӣ андози замин барои як сол муайян шудааст: -агар қитъаи замини обӣ 0,10 га бошад, бо меъёри яккарата ҳисоб мешавад. Барои мисол: 0,10 * 1288,61 = 128,61 сомонӣ. Яъне, агар қитъаи замини обии Шумо то 0,12 га бошад, бо ҳамин меъёр ҳисоб мегардад. -агар қитъаи замини обӣ 0,15 га бошад, яъне аз 0,12 то 0,20 га, бо меъёри дукарата ҳисоб мешавад. Барои мисол: 0,15 * 1288,61 = 193,29 *2 =386,58 сомонӣ; -агар қитъаи замини обӣ 0,28 га, яъне, аз 0,20 га зиёд бошад, бо меъёри секарата 0,28 * 1288,61 = 360,81 * 3 = 1082,43 сомонӣ; -агар қитъаи наздиҳавлигӣ нею бо мақсади соҳибкорӣ истифода шавад бо меъёри панҷкарата ҳисоб мегардад. Мисол: замини бо мақсади соҳибкорӣ истифодашаванда 0,50 га аст. Масоҳати 0,50 * 1288,61 = 644,30 сомонӣ * 5 = 3221,50 сомонӣ андози яксолаи ин қитъаи замин маблағи 3221 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад. Ҳисобкунии маблағҳои андози замини шахсони воқеӣ то 1-уми феврали ҳар сол тавассути низоми барномаҳои иттилоотии мақомоти андоз анҷом дода шуда, огоҳинома дар ин хусус ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар шакли электронӣ ирсол мегардад. Андозсупоранда метавонад маблағи андози заминро пеш аз муҳлат пурра пардохт намояд. Ҳангоми дар муҳлатҳои муқарраргардида аз ҷониби андозсупоранда пардохт нагардидани андози замин аз ҷониби мақомоти андоз барои батаъхиргузории муҳлати пардохт барои ҳар яу рӯзи батаъхиргузорӣ ба андозаи 0,04 фоизҳо ҳисоб карда мешаванд. #налоги #земельный_налог #индивидуальный_предприниматель #таджикистан

Comments