Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб Сайоҳат дар кӯлҳои деҳаи Ҷелонди ноҳияи Лахш в хорошем качестве

Сайоҳат дар кӯлҳои деҳаи Ҷелонди ноҳияи Лахш 3 года назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



Сайоҳат дар кӯлҳои деҳаи Ҷелонди ноҳияи Лахш

Ноҳияи Лахш ноҳияи Ҷиргатол — дар Водии Рашт воқеъ гардида ба Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мансуб аст. Аҳолии ин ноҳияро, ки тақрибан 60 000 нафар мебошад, тоҷикон ва қирғизҳо ташкил медиҳанд ва ҳамаи мардуми ин ноҳия мусулмон(суннӣ) ҳастанд, аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунанд. Лахш — як гӯшаи хушобу ҳаво ва зебоманзару бостонии сарзамини тоҷикон дар қисми шимолу шарқии ҷумҳурӣ воқеъ буда, масоҳаташ 4580,1 километри мураббаъро ташкил менамояд. Ноҳия аз шимолу шарқ бо ноҳияи Чон-Олойи Ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷанубу шарқ бо ноҳия Мурғоби ВМБК, аз ҷануб бо ноҳияи Сангвор, аз ғарб бо ноҳияи Рашт ва аз ҷанубу ғарб бо ноҳияи Тоҷикобод ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия аз маркази ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе дар масофаи 284 км ҷойгир аст. Ноҳияи Лахш ба 10 ҷамоати шаҳрак ва деҳот ва 49 деҳа  тақсим шудааст. Маркази ноҳия шаҳраки Ваҳдат аст. Тавре аз ҷониби баъзе олимону сайёҳони гузаштаву имрӯзаи кишварҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳони хитоӣ, арабу форс тазаккур шудааст, водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш дар гузаштаи дур дорои таъриху фарҳанг, алифбову адабиёт ва давлату давлатдорӣ будааст. Як шохаи Роҳи бузурги абрешим ба воситаи водии Рашт ва Олой гузашта, дунёи шарқу ғарбро ба ҳам мепайвастааст. Харобиҳои шаҳри Чоргул дар водии Лахш далели онанд, ки дар ин ноҳия санъати меъмориву шаҳрсозӣ ҳанӯз дар даврони қадим инкишоф ёфта буд. Лахш (собиқ ноҳияи Ҷиргатол) аз соли 1870 то ғалабаи Инқилоби Бухоро (соли 1920) дар ҳайати миригарии Ғарм, дар тобеияти Аморати Бухоро буд. Баъди инқилоб он ҳамчун туман ба ҳайати вилоятӣ Ғарм дохил гардид. Он ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ буда, 10-уми марти соли 1931 ҳамчун ноҳияи алоҳида ташкил ёфта, то соли 2016 ҳамчун ноҳияи Ҷиргатол ва аз моҳи апрели соли 2016 ин ҷониб бо номи ноҳияи Лахш маълум мебошад. Маркази имрӯзаи ноҳия ва аксар деҳаҳо дар водии нисбатан фарохи ҳавзаи дарёи Сурхоб доман густурдааст. Дар деҳаи Ҷилондии ҷамоати деҳоти Сурхоб дар баландии зиёда аз 2000 3000 метр аз сатҳи баҳр Ҳавзи Кабуд дар масоҳати 45 га ҷойгир буда, аз дигар ҳавзҳо бо хусуияти ба худ хос ба куллӣ фарқ мекунад. аз Википедиа

Comments