Русские видео

Сейчас в тренде

Иностранные видео


Скачать с ютуб ОҚИБАТҲОИ ҶАНГИ УКРАИНА ТО ИМРӮЗ: ДАҲҲО ҲАЗОР КУШТАЮ ЗАХМӢ, САДҲО ШАҲРҲО БА ХОК ЯКСОН... в хорошем качестве

ОҚИБАТҲОИ ҶАНГИ УКРАИНА ТО ИМРӮЗ: ДАҲҲО ҲАЗОР КУШТАЮ ЗАХМӢ, САДҲО ШАҲРҲО БА ХОК ЯКСОН... 1 год назад


Если кнопки скачивания не загрузились НАЖМИТЕ ЗДЕСЬ или обновите страницу
Если возникают проблемы со скачиванием, пожалуйста напишите в поддержку по адресу внизу страницы.
Спасибо за использование сервиса savevideohd.ru



ОҚИБАТҲОИ ҶАНГИ УКРАИНА ТО ИМРӮЗ: ДАҲҲО ҲАЗОР КУШТАЮ ЗАХМӢ, САДҲО ШАҲРҲО БА ХОК ЯКСОН...

Вақте 24 феврали соли 2022 президенти Русия Владимир Путин барои ҳамла ба Украина фармон дод, бисёриҳо ҳадди ақал дар ҷабҳаи тарафдорони Русия мутмаин буданд, ки ба қавлашон, “дуюмин артиши қавитарини дунё” кори Украинаро дар байни чанд рӯз ё ҳадди аксар дар чанд ҳафта ё чанд моҳ тамом хоҳад кард. Ҳоло дар ҷабҳаи тарафдорони Украина бисёриҳо ин умедро доранд, кти аксулҳамлаи артиши Украина сарзаминҳои ишғолшудаи ин кишвар, ҳатто нимҷазираи Қримро аз дасти Русия озод хоҳад кард. Аммо, тавре талотуми ҳодисот нишон медиҳад, ҷанг кино нест, ки дар байни чанд соат ба фоидаи ин ё он тараф ҳаллу фасл шавад. Ҷанг як кори хеле пурхарҷу гаронбаҳо, тӯлонӣ ва гоҳо ба назар ҳатто беисту беохир ва мутаассифона, моҷарое хеле пурқурбонӣ ва харобиовар аст, ки мисолашро дар ҷанги Украина, ки камокон қариб 15 моҳ боз идома дорад, мебинем. Артиши Русия кайҳо боз ташаббус ва пешрафтро дар ҷабаҳоти ин ҷанг аз даст дода, тавре ба назар мерасад, барои муддати тӯлоние дар ботлоқи ҷанги Украина дармондааст ва талафоташ ба даҳҳо ҳазор мерасад. ББС ва “Медиазона” дар як таҳқиқоти муштарак шумораи кушташудашон аз тарафи Русияро дар ҷанги Украина беш аз 40 ҳазор ва ҷамъи талафоташ бо шумули куштаҳову захмиҳоро 195 ҳазор баровард кардаанд. Дар бораи талафоти ҷониби Украина дар ин авохир маълумоти тозае нашр нашудааст, вале қаблан гуфта мешуд, ки талафоти Украина аз талафоти Русия фақат андаке камтар аст. Мақомоти ҳарбии Русия бошад талафоти Украинаро бо шумули куштаҳову захмиҳо ҳатто то 330 ҳазор нафар рақам мезананд. Ба сурати умум, метавон гуфт, ки талафоти ҷонибҳо дар ин ҷанги бемаънӣ ва ба маънои томаш бародаркуш, ки байни ду миллати ирқан хеле наздики славянӣ идома дорад, алакай ба марзи ним миллион нафар ва шумори кушташудаҳо ажз ҳарду тараф ба 100 ҳазор наздик мешавад. Ин ҷанги Русия ба зидди Украинаро ба яке аз пурталафоттарин ҷангҳои асри 21 табдил медиҳад.

Comments